Электроная Экономика

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 04 Ноября 2013 в 12:24, реферат

Описание работы

Характеристикаи умуми оид ба технологияи тозакунии обњои саноатї.
Ифлосшавии обњо дар натиљаи фаъолияти корхонањои саноатї, кишоварзї, хољагї-рўзгор, садамањо ва дигар омилњо ба вуљуд меоянд. Ин обњо ба шарофати корхонањои саноати бемайлон ба дараљаи баланд ифлос карда шудаанд.
Индустрикунонї элементи асосии стратегияи тараќќиёт ба њисоб меравад. Аммо аз љињати истисморї захирањои табии, истифодаи энергия ва ба миён овардани ифлосињо ва партовњо сектори саноат дар ќатори муњимтарин сабабњои пастшавии сифати муњити атроф мебошад. Дар оянда, њамоно, ки оќибатњои экологии фаъолияти саноат аз меъёри муайян зиёд шудаанд.

Файлы: 1 файл

soli obi toza.doc

— 460.50 Кб (Скачать файл)

                             Дар об ионњои элементњое, ки дар мањлулњои онњо ба миќдори хурд њастанд, дар ваќти аз муњити турш ба нейтрали гузаштан то ба дараљаи пайдо намудани гидрооксидњо гидролиз мешаванд, вале аз сабаби кам буданашон наметавонанд, ки фазаи мустањками худро ташкил дињанд ва дар њамин сикл дар мањлулњои обї мемонанд. 

Барои њамин, дар ваќти аз об ба воситаи коагулянтњо тоза намудани такшони гидрооксид- њомилњо (носители) ба онхо ионхои гидролизшудаи дигар элементњои дигар якљоя шуда сорбсия мешаванд. Ин протсесс бисёр тез мегузарад ва људошавии он то 98- 99% микрокомпонентњоро аз об таъмин менамояд.

Њангоми аз ионњо тозакунии мањлулњо ба сифати гидрооксид - њомилхо гидрооксиди оњан, ки ба мањлул бо њамроњии хлориди калсий ва ионњои оњан аз алюминий дохил мегардад, бартарии худро нишон медихад.

Дар шароити  аз обњои сехњои дигари саноатии истењсоли такшон шудани сулфати калсий (рН=4-7) бо такшони гидрооксиди оњан миќдори хурди элементњои зеринро метавонад такшон ва ё ба худ сорбсия кунанд: хром (III,VI), молибден(V1), волфрам (V1), ванадий (V), мишяк (V), фосфор (V), висмут (Ш), олово (II).

Њамин тариќ, њангоми дар мањлулњо, оби саноати илова намудани гидрооксиди оњан протсесси хуби тозашавї аз ионњои сулфатро ба амал меорад дар ин њолат, инчунин тозашавии баъзе элементњое низ ба амал меояд, ки дар мањлулњо ба миќдори кам вуљуд доранд ва ин ионњои:

хром (III,VI), молибден(V1), волфрам(V1), ванадий(V), мишяк(V), фосфор (V), висмут (Ш), олово (П) мебошанд.

Дар њолати дар  об бисёр будани миќдори NaOH аввало онро ба кислотаи HCl ба њолати нейтралї меорем.

Харољоти кислотаи НС1, ки барои нейтралкунии ишќор зарур аст, аз рўи муодилаи реаксия њисоб карда мешавад ва адади 0,9125 кг-ро нисбати 1 кг NaOH ва 1 м3 мањлули бозгашта ташкил медињад.

Мањлулњои хом ва бозгашта бо якдигар бо чунин таносуб омехта мешаванд, ки дар он охирин консентратсияи ионхои сулфат ба 1,0 г/л камтар бошад, чунки бо зиёд будани  ионњои сулфат дар оби омехташудаи баъди истењсоли тоза намудани онњо мушкил мешавад, коагулянт хосияти коагулятсиониро гум мекунад. Мо дар корхонаи «Тољиккимиё» - и н.Ёвон барои ба тариќи ним саноати гузаронидан ба воситаи асбоби седиментатсиякунанда аз санљиш гузаронидем ва њисобу китоби рољеъи технологиро ба корхона пешнињод намудем. 

Такшонкунии сулфати  калсий бо воситаи ба сутунчаи седиментатсия дохил кардани миќдори њисобкардашудаи хлориди калсий гузаронида мешавад ( хлориди калсий мувофики № 69-89 Ч,С «Тољиккимиё»). Њисобу китоби миќдори хлориди калсий аз рўи муодилаи реаксияи зерин бурда мешавад:

 

 

 

S042- + CaCl2 = CaS04   + 2Сl-


 

ва бо назардошти дар мањлулњо њалшавандагии такшони сулфати калсий, ба 17-18 дм3 СаС12 ба 1 кг сулфат дуруст меояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

2.4.Шарњи  схемаи технологї, безараркунї  ва азнавкоркарди партовњои обї.

Мањлули бозгашта аз корпуси 1 ба баки 2 мегузарад ва бо ёрии насоси марказшитоби 3 ба омехтакунаки 5 меравад. Мањлули кислотаи НС1 низ аз баки 4 бо воситаи чунин насос ба омехтакунаки 5 дода мешавад. Мањлули нейтралкардашуда из аралашкунаки 5 ба сутунчаи седиментатсия 7 равона мешавад. Мањлули хом аз баки 2, мањлули хлориди калсий аз баки 6 низ ба 7 гузаронида мешаванд. Мањлули аз ионхои сулфат (ва аз баъзе элементњои боќимонда)  тозакардашуда аз 7 ба баки 2 рањсипор мешавад. Шлами сулфати калсий бо элементњои боќимонда аз 7 ба 9 – вакуум - филтрхо меравад.

Дар љадвали 6 схемаи технологии нейтраликунї ва такшонкунии хлориди калсий оварда шудааст.

Ќоидахои асосии бехатарї:

Дар ваќти аз ионњои сулфат тоза намудани мањлулњо, ки бо воситаи кислотаи НС1 нейтралкунии махлули бозгашта ва бо рохи воридкунии хлориди калсий такшоншавии сулфати калсийро низ дар бар мегирад, ба коидахои бехатарї њангоми барои электролиз тайёр намудани мањлулњо мувофиќ мебошанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Истифодабарии коагулянтњо:

Коагулянтњое, ки аз нефелинњои сиенитдор њосил мешаванд пеш аз њама дар тозакунии обњоисаноати ва табиї ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Дар системаи хољагї – нўшокї ва обтаъминкунии саноатї раванди коагулятсия имконият медињад, ки об аз ќисмњои асосии моддањои дисперсии ифлоскунанда ва як ќисми муайяни моддањои њалшуда озод гардида, тирагї ва рангнокиаш нест шавад. Ин раванди тозакунии амиќи (чуќур) обро осон мегардонад.

Коагулятсия њамчун усули мустаќили тозакунии обњои табиї ва партовї ё њамчун усули тозакунии онњо (пас аз тозакунии об бо усули биологї) дар амал васеъ истифода бурда мешавад.

Хусусияти муњим усули коагулятсия аз он иборат аст, ки он ба якбора кам кардани миќдори бисёр моддањои бисёр моддањои барои саломатї зараровар, инчунин бактерияњо, вирусњо, пестисидњо ва ғашњои радиофаъол дар об имкон медињад.

Њангоми бо коаугулянтњои омехта тоза кардани об њатто дар њароратњои паст такшони оксиди оњан мушоњида намегардад, ки ин бо њосилшавї ва такшоншавии лахтањо (пағањо) то полоидан вобаста мебошад.

Самараи коркарди об дар њарорати 200С бо коагулянти омехта ба самараи коагулятсияи сулфати оњан дар 500С ва сулфати алюминий дар 800С наздик аст. Барои њосил кардани коагулянти омехта аз бокситњо, каолинњо ва нефелинњои зиёдоњандор истифода мебаранд.

Технологияи бепартов ва аз љињати экологї бехатари коагулянти омехта њосилшуда дар корхонаи хурди истењсоли “Падида” татбиќ гардидааст.

Барои њосил кардани коагулянт сиенитњои нефелини Тољикистон ба сифати ашё хизмат мекунанд. Ранги коагулянти истењсолшуда зарди хокистарранг буда, дар он ба сифати аљзои фаъол асосан пайвастњои алюминий, оњан ва силитсий шомиланд. Ин коагулянт бахусус барои обњои баъди истењсоли саноати тирагиашон баланд самарабахш аст. Он барои истифодаи тозакунии оби нушокї низ бехатар аст, чунки дар об ягон хел баќияи моддањои кимиёвии зараровар намемонад.

Коагулянти  мазкур нисбат ба сулфати алюминий як ќатор бартарињо  дорад:

- бештар самаранок  пасткунии тирагї;

- таъмини шакли  пора-порагї дар њудуди васеъи миќдори коа- гулянт бе танзими рН-и оби тозашаванда;

- ночиз пастшавии  рН ва захираи ишќории оби тозашаванда, ки ба шарофати он зангзании њомузии таљњизот паст мешавад;

- аз њарорат вобаста набудани ќобилияти коагулятсиякунї;

- дар њароратњои паст зарурияти воридкунии маводњои ёрирасон љой надорад;

- фаъолияти  бактеритсидї ва зиддимикробии баланд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Тозакунии обњои партовї:

Обњои партовии корхонањои алоњида, мањалњои ањолинишин ва шањрњо одатан ба дарёњо ва кўлњо партофта мешаванд. Агар обњои партовии корношоямро тоза накарда, ба дарёњо ва кўлњо партоянд, барои истифодаи онњо дањњо маротиба зиёдтар њачми об сарф мешавад. Обњои партовии системањои канализатсионии шањрњо то як дараља аз ваќтњои ќадим тоза карда мешуданд ва дар ин љода таљрибаи муайяне љамъ карда шудааст. Дар натиљаи полоиди дар полоишњои дурушт ва мањин, нигоњ доштани дар тањшинљойњо истифодаи лойи аз љињати биологї фаъол, моддањои кимиёвї ва бо дигар усулњо обњои партовиро ба оби тоза табдил додан мумкин аст.

Дар замони муосир миќдори зиёди обњои партовии шањрњои калонтарини дунё пас аз тоза кардан ба оби нушокї табдил меёбанд.

Коркарди обњои партовии шањрњо на танњо обњои табииро аз ифлосшавї нигоњ медоранд, балки дигар бартарињо низ доранд. Масалан, њангоми ферментатсияи (таъмиркунї) лойќа дар њавзњо гази сўзандаи дорои каллорияи баланд њосил мешавад, ки онро барои гарм кардани дегњои буғкунї истифода бурдан мумкин аст. Лойќае, ки дар натиљаи коркарди партовњои обї њосил мешавад нурии хеле аз моддањои ғизодињанда бой мебошад. Баъзе шањрњои ИМА ќисми хеле зиёди харољоти худро барои тоза кардани обњои партов аз њисоби фурўши чунин намуди нурї мепардозанд.

Кор њангоми тоза кардани партовњои саноатї хеле мураккаб аст. Одатан партовњои саноатиро нисбат ба партовњои канализатсияи шањрї тоза кардан хеле душвор аст. Нархи иншооти партовњои саноатиро тозакунанда хеле ќимат мебошад ва он корчаллонњои хусусиро конеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин онњо аз сохтани иншооти партовтозакунї даст мекашанд.

Интихоби усулњои тозакунии партовњои истењсолї ва дастгоњњои тозакунандаи онњо аз таркиб, хосият, ғилзати моддањои ифлоскунанда ва дараљаи тозакунии талабшаванда вобаста мебошад.

Партовњои истењсолии њосилшуда аз системањои гомогенї ва гетерогенї иборатбуда, ки дорои моддањои узвї ва ғайриузвї сахт, моеъ ё газмонанданд.

Таснифи усулњои асосии тозакунии обњои партовї ба таври наќшавї чунин тасвир карда мешавад:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Љадвали 7.

 

Хулоса 

Дар кори дипломї адабиётњо махсус љамъоварї карда шудааст. Аз ин адабиётњо маводњои оиди безараркунї, азнавкокард ва такроран истифодабарии об дар саноатро тањлил кардаам. Мушоњида ва тањќиќи хосиятњои физикавї, кимиёвї ва таркиби обњои баъди истењсоли корхонаи «Тољиккимиё» - ро дар озмоишгоњ тањќиќ намуда нишон додаам, ки ин партовњои обї ба вазъияти экологии мавзеъи ноњияи Ёвон, атмосфера, ќаъри замин чї таъсири манфї мерасонад, инчунин барои пешгири намудани оќибатњои ногувори он чї чорањои зарурї андешидан лозим аст. Тањлили лаборатори тоза намудани обњои саноатии корхонаи «Тољиккимиё» нишон дод, ки чи тавр ба воситаи коагулянтњо, сорбентњо, тоза намудан лозим аст ва аз такшони ба даст омада мањсулоти сохтумони њосил намуда ва дар оянда аз нав истифодабарии онро нишон додаст. Дар кори дипломї инчунин каме дар бораи мањсулоти обтозакунї ва технологияи истењсоли коагулянтњо ва сорбентњо, тарзи истифодаи онњо аз ашёњои хоми мањаллї нишон дода шудааст. Дар њаљми корњои ташхиси лаборатори сорбсияи ионњои микроэлементњои дар таркиби об буда ва аз об дошта гирифтани онњо нишон дода шуда, нуќтаи оптималии безараргардонии обњои баъди истењсоли саноати нишон дода шудааст. Локин барои дар амал тадбиќшавии он маблаѓњои иловагї ва корњои бисёреро ба анљом расонидан даркор аст. Технологияи тањияшуда дар ваќти пурра ба истењсолот љорї шуданаш имконият медињад, ки вазъи экологии ноњияи Ёвон ба эътидол оварда шавад.

 

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Запольский А.К., А.А.Баран. Коагулянты и флокулянты в      процессе очистки воды. Л.: «Химия» 1987, 208 ст.
  2. Ягодин Г.А. Химическая технология и охрана окружаюшей среды. М.:1984 61 ст.
  3. Дажо Р. Основы экологии и прогресс. Л.:1975 55ст.
  4. ОУЭН О.С. Охрана природных  ресурсов. М.: Колос 1977.
  5. Б.Мирзоев, М.Юнусов, С.Тураев. Очистка сточных вод от ионов тяжелых металлов. «Наука - производству» Душанбе – 2007.
  6. Х.Сафиев, Б.Мирзоев, А.Хамидов. М.:Бахита Авад. Способ доочистка сточных вод от тяжелых металлов.
  7. Тезисы к совещанию «минерало – геохимические аспекты охраны окружающей среды» Санкт-Петербург. 1991г. 67 ст.
  8. Э.А.Арипов. Природные минеральные сорбенты их активированные и модифицирование, Ташкент. «Фан», 1970г.
  9. М.Солиев, Б.Мирзоев, А.Хакимов. Получения коагулянтов для очистка сточных вод. Душанбе -1999г. 81 ст.
  10. Х.Сафиев, Б.Мирзоев. Получения коагулянтов из отходов по «Таджиккимиё» 11 изд АН РТ. Душанбе – 1999 №1 71-73ст.
  11. Иванов Б.А. Инженерная экология. М.:изд.ЛГУ. 1989г.
  12. В.Р. Кучма, С.Р.Гильденгольд СР. Окружающая среда и здоровье жителей города с развитой химической промышленностью. М.:1995г.
  13. И.Н.Лозановская, Д.С. Орлов, Л.К.Садовника. Экология и охрана биосферы при химическом загрязнении. М.:Высщая школа, 1998г.
  14. С.А.Крылов, Л.Г.Грабчолс, В.Комащенко. Охрана окружаю-щей среды. М.: Высщая школа, 1995г.
  15. В.маршалл. Основы опасностей химических производств. М.: Мир, 1980г.
  16. Ж.Джило, Г.Маркович Социальная экология. М.: 1991г.
  17. Х.Сафиев, Б.Мирзоев, У.Мирсаидов. Промыленные отходы – эффективные реагенты при комплексной переработке местного сырья Таджикистана. Труды Международной научно – технической конференции. Ленинград, 1991г. 128 ст.
  18. Х.Сафиев, Б.Мирзоев, Исследование и разработка коплексной переработки минерального сырья и промышленных отходов Южно-Таджикского территориально – производственного комплекса. Ашхабад, 1991г.  88-91 ст.
  19. Х.Сафиев, Б.Мирзоев, Использование отходов хлорорга-нического производства при переработке нефелиновых сиенитов. Вестник национального университета. Душанбе «Сино» 2004г. 133-135 ст.
  20. А.К.Бобко, Т.А.Пятницкий. Количественный анализ. М.: Выс-щая школа 1962г. 361 ст.
  21. Њ.Сафиев, А.О.Аминљонов, М.Б.Каримов. Об – мўъљизаи табиат. Душанбе ЭР граф 2003 с. 376 сањ.  

 


Информация о работе Электроная Экономика